Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосия бо иштироки 38 нафар вакил, роҳбарони шуъбаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид.
Дар оғози кори иҷлосия вакилони халқ ҳисоботи раиси ноҳия Амирзода Маҳмуд Ҳамидро оид ба натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 шуниданд.
Зикр гардид, ки дар давоми соли 2025 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 102,0 фоиз таъмин карда шуд. Ба буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 71,4 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ ва варзиш низ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда шуданд. Бо вуҷуди ин, вобаста ба масъалаҳои таъмини саривақтии бақияпулиҳои андоз, вазъи мелиоративии заминҳо, самаранок истифода бурдани замин, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, танзими ҷашну маросимҳо, даст ба ҷиноят задани занон, инчунин солимии модару кӯдак зимни маъруза изҳори нигаронӣ карда шуд.
Зимни музокираҳо вакилони халқ Нурализода Алихон, вакили ҳавзаи интихоботии №23 ва Ҳафизова Лутфия, вакили ҳавзаи интихоботии №9, оид ба натиҷаҳои бадастомадаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия суханронӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот дар соли 2026 таклифу пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Пас аз шунидани ахбороти сардори Раёсати молияи ноҳия Сафарзода Султон, вакилони халқ иҷрои буҷети ноҳияро дар соли 2026 бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот тасдиқ намуданд.
Ҳамчунин, дар иҷлосия нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2026, инчунин як қатор қарорҳои раиси ноҳия тасдиқ карда шуданд.
Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Файзализода Сайдалӣ иштирок намуд