Мояи ифтихору сарфарозист, ки соли дуюм мардуми сайёра Рӯзи ҷаҳонии футболро бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Мавриди зикр аст, ки ин рӯз бо пешниҳоди президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 7 майи соли 2024 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, 25 –уми май расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид. Ба ин васила Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди футбол ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ саҳми назаррас гузошта, хушбахтона ин рӯйдоди муҳим дар таърихи футбол ташаббуси кишвари азизамон сабт гардид. Аз ин лиҳоз тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон, минҷумла дӯстдорон ва мухлисони футболро бо ин рӯз самимона табрик намуда, ба ҳамагон саодати рӯзгор ва музаффариятҳои нав ба навро таманно менамоям.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои ҷавонпарвар ва варзишдӯсти миллат, роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирию мусоидатҳои ҳамаҷонибаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бозии рақами яки ҷаҳонӣ, яъне футбол, тайи чанд соли охир дар сартосари кишвар, аз он ҷумла, дар Бадахшонзамин рушди бемайлон дорад. Барои оммавӣ гардондани он имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят майдонҳои калон ва майдончаю толорҳо фаъолият намуда истодаанд.
Дар вилоят, тимҳои мардонаву занона ва лигаи вилоят таъсис ёфта, дар мактабҳои варзишӣ гурӯҳҳои бачагонаву духтарона ба тадрису тамрин машғул мебошанд.
Боиси сарфарозӣ аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои варзишпарваронаи Раиси Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо сохтмони Академияи футболи Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз бо маром идома дошта, то ҷашни бузурги миллӣ 35- умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ин бинои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Барои оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат дар қаламрави вилоят 445 адад иншоотҳои варзишӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд ва дар ин соли таърихӣ то 9-сентябр боз 26 иншооти дигар дар соҳаи варзиш ба истифода дода мешаванд.
Дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳам ҳасос аз номи кулли мардуми шарифи Бадахшонзамин, минҷумла дӯстдорони варзиш ва варзишгарон ба Пешвои ҷавонпарвари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои рӯзафзун сипоси бепоён изҳор менамоям.
Дар баробари дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рушди варзиш таваҷҷуҳи махсус равона намуда, баҳри баланд бардоштани маҳорату истеъдоди варзишгарон тадбирҳои судманд андешида, барои ташакулли ҳамаҷонибаи ҳаёти солим, на танҳо байни наврасону ҷавонон, балки ҳамаи қишри ҷомеа имкониятҳои зиёде фароҳам хоҳад овард.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони азизи мо, чун дар дигар соҳаҳо, дар масири варзиш низ пешгом ва намунаи аҳли башар гашта, пойтахти кишварамон - шаҳри зебои Душанбе ва дигар шаҳрҳои Ватани маҳбуб, аллакай ба мизбони бозиҳои ҷаҳонӣ, аз он ҷумла, футбол табдил ёфтанд ва қадамҳои устувор дар ин масири бузург гузошта шуда истодаанд.
Бо умеди муваффақияту пирӯзиҳо, бори дигар кулли ҳамватанони азизамро бо ин рӯзи пурифтихор табрик гуфта, ба ҳамагон тансиҳатию хушбахтӣ ва иқболи баландро орзумандам.