Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи озодӣ, балки оғози давраи нави рушд ва эҳёи миллӣ гардид. Дар ин раванд, ҷавонон ҳамчун нерӯи тавоно, созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши калидӣ доранд. Ҷавонони даврони истиқлол насле…
Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи озодӣ, балки оғози давраи нави рушд ва эҳёи миллӣ гардид. Дар ин раванд, ҷавонон ҳамчун нерӯи тавоно, созанда ва пешбарандаи ҷомеа нақши калидӣ доранд. Ҷавонони даврони истиқлол насле мебошанд, ки дар фазои озод ба камол расида, бо тафаккури миллӣ ва ҷаҳонбинӣ муосир дар ободонии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Ҷавонон ва ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон такя намуда, барои мо шароити мусоиди таълим, касбомӯзӣ ва фаъолиятро фароҳам овардааст. Имрӯз мо ҷавонон дар соҳаи илму маориф, ба дастовардҳои баланди илмӣ ноил шуда, Тоҷикистони маҳбубро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунем. Ҷавонони даврони соҳибистиқлол дар бунёдкорӣ ва лоиҳаҳои бузурги стратегии кишвар, аз ҷумла сохтмонҳо ва ободонии шаҳру деҳот, фаъолона иштирок доранд. Ҷавонони бо нангу номуси миллати тоҷик дар ҳифзи Ватан, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат намуда, посбони сулҳу суботи кишвар мебошанд.
Барои муқовимат ба таҳдидҳо ва дарёфти ҷойгоҳи арзанда дар ҷомеа, мо ҷавонон бояд донишомӯз бошем, дар асри технологияҳои иттилоотӣ доштани саводи рақамӣ ва дониши чуқури соҳавиро донем, арзишҳои миллиро ҳифз кунем, донистани таърих, фарҳанг ва забони модарӣ ҳамчун пояи асосии ҳувияти миллии ҳар як ҷавон аст. Ҳамзамон мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол худшинос буда, аз таъсири ҳаракатҳои ифротӣ ва фарҳангҳои бегона эмин монда, бо тафаккури интиқодӣ ва созанда амал мекунем.
Хулоса: мо ҷавонони даврони истиқлол ворисони ҳақиқии ин сарзамини куҳанбунёд мебошем. Ояндаи Тоҷикистон аз он вобаста аст, ки ин насл то чӣ андоза бомаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос ба камол мерасад. Истиқлолият ба ҷавонон имкониятҳои васеъ дод, то мо ҷавонон бо нерӯи созандаи худ давлати хешро ба яке аз кишварҳои пешрафта ва ободи ҷаҳон табдил диҳанд.
Мо ҷавонон ва насли наврас ояндаи миллат ва такягоҳи давлат мебошем
ҲОҶИЕВА АНИСА БАХТИЁРОВНА- гирандаи Стипендияи президентӣ, хонандаи синфи 8-уми МТМУ-34 ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе