Бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, бо иштироки бонувони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи фарҳангии «Тоҷикона мепӯшем»…
Бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, бо иштироки бонувони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи фарҳангии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.
Дар доираи ин иқдом намояндагони муассисаҳо, кормандон, ҷавонон ва фаъолон бо ба бар намудани либосҳои миллӣ ва муаррифии анъанаҳои неки тоҷикона, саҳми худро дар эҳёи арзишҳои миллӣ мегузоранд.
Аксияи мазкур санаи 18 майи соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам” баргузор шуда, ҳадафи он тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои аҷдодӣ ва таҳкими ифтихори миллӣ миёни ҷомеа, бахусус ҷавонон мебошад.
Ҳифзи фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба либоси миллӣ нишонаи эҳтиром ба таърих, тамаддун ва асолати миллат аст.
Тоҷикона мепӯшем — бо ифтихор аз фарҳанги миллӣ!