Бо мақсади таҳкими арзишҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мусоидат ба рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони…
Бо мақсади таҳкими арзишҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мусоидат ба рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мустаҳкамии оила – асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд» толори Кумитаи мазкур баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Муродова, шоираи маҳбуб ва шинохта Меҳриниссо Бобобекова ва намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Забирзода Олимҷон иштирок намуда, доир ба нақши оила дар ташаккули шахсияти комил, тарбияи насли солим ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ибрози андеша карданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ дар бунёди ҷомеаи устувор ва ҳуқуқбунёд нақши калидӣ мебозад. Маҳз дар муҳити оила эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида ташаккул меёбад. Ҳамчунин, ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷудошавии оилаҳо, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро оид ба роҳҳои таҳкими пояҳои оила, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии оилаҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баён намуда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки танҳо тавассути оилаи солим ва устувор метавон ҷомеаи пешрафта, мутамаддин ва ҳуқуқбунёдро бунёд намуд.