Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рақамикунонӣ ва тағйирёбии босуръати муҳити иҷтимоию иқтисодӣ ҷавонон на танҳо гурӯҳи синнусолӣ, балки захираи стратегии рушди миллӣ ба ҳисоб мераванд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад, сифати рушди минбаъдаи иқтисод, илм, маориф, фарҳанг ва амният ба сатҳи дониш, ҳувияти миллӣ, қобилияти рақобатпазирӣ ва фаъолнокии шаҳрвандии ҷавонон вобастагии мустақим дорад.
Беҳуда нест, ки Пешвои Муаззами Миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёми шодбошии хеш ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таъкид намудаанд: «Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик мегӯям» Ин баён худ аз худ нишон медиҳад, ки дар низоми давлатдории муосири тоҷикон ҷавонон ҳамчун омили асосии пойдории давлат ва пешрафти ҷомеа арзёбӣ мешаванд.
Аз нигоҳи илмҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҷавонон ҳамчун қишре арзёбӣ мешаванд, ки дар марҳалаи ташаккули ҳувияти шаҳрвандӣ, касбӣ ва арзишии худ қарор дошта, ба тағйироти иҷтимоӣ зудтар посух медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат, сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон бояд танҳо хусусияти ҳимоятӣ надошта, балки хусусияти рушди инсонӣ, сармоягузорӣ ба неруи зеҳнӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои баробар барои худташаккулдиҳӣ дошта бошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун «системаи ягонаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ» муайян мекунад, ки ба таълиму тарбия, ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтидори онҳо равона гардидааст.
Ин таъриф дорои мазмуни амиқи назариявист, зеро ҷавононро ҳамчун объекти кӯмак не, балки ҳамчун субъекти фаъол ва истеҳсолкунандаи арзишҳои миллӣ ва ҷамъиятӣ мешиносад.
Ҷавонони имрӯза пеш аз ҳама дар низоми маориф ташаккул меёбанд. Бинобар ин, баҳодиҳии мавқеи онҳо бидуни таҳлили нишондиҳандаҳои соҳаи маориф нопурра хоҳад буд. Ин нишон медиҳад, ки ҷомеаи тоҷик барои ташаккули сармояи инсонӣ дорои заминаи муассисавии нисбатан густурда аст. Аммо масъала танҳо дар миқдор нест; сифати таҳсил, мутобиқати ихтисосҳо ба талаботи бозорӣ меҳнат, маҳорати рақамӣ, забономӯзӣ ва тавоноии тадқиқотӣ он омилҳое мебошанд, ки ояндаи рақобатпазирии ҷавонони тоҷикро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муайян мекунанд.
Дар ин замина, суханони Пешвои Муаззами Миллат Ҷаноби Олӣ Мӯҳтарам Эмомали Раҳмон аҳаммияти методологӣ низ доранд. Дар яке аз суханрониҳо таъкид шудааст: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад» Ин иқтибос на танҳо даъвати сиёсӣ, балки формулаи илмии рушди давлат аст: Агар ҷавонон неруи созандаи Ватан бошанд, пас сатҳи сармоягузорӣ ба маориф, илм, тандурустӣ, варзиш, фарҳанг ва иштироки шаҳрвандии онҳо мустақиман ба сифати ояндаи миллӣ таъсир мерасонад.
Таҷрибаи мулоқотҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлат бо ҷавонон нишон медиҳад, ки масъалаи ҷавонон дар Тоҷикистон барвақт ба рӯзномаи стратегии давлат табдил ёфтааст. Дар суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар ёдовар шудааст, ки ҳанӯз 17 марти соли 1994 мулоқоти нахустини роҳбари давлат бо намояндагони ҷавонон баргузор гардида буд. Ин пайдарҳамии сиёсӣ собит менамояд, ки сиёсати ҷавонон дар Тоҷикистон падидаи мавсимӣ нест, балки унсури сохтории давлатсозии миллӣ мебошад. Маҳз дар чунин замина метавон муҳокима кард, ки ҷавон имрӯз на танҳо ояндаи миллат, балки ҳамзамон неруи амалкунандаи имрӯзии он аст.
Ҷавонон қувваи бузург дар ҳамаи самтҳо ва созандаву умеди кишвару миллат ҳастанд, ҳамзамон посбону ҳимоятгари халқу миллат ва меҳани хеш ва сипоҳу лашкари ватан аз душману хоини дохиливу берунии кишвар мебошанд.