Шоми имрӯз, дар доираи нақшаи баргузории силсилаи чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст, чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Базми ҷавонӣ»…
Шоми имрӯз, дар доираи нақшаи баргузории силсилаи чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст, чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Базми ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ба номи Сотим Улуғзода дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он Раиси Кумитаи Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва ректори донишгоҳи мазкур, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба фароҳам овардани муҳити созгори фарҳангиву фароғатӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, китоб ва барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Аз ҷумла, баромади ҳунармандони ҷавон, қироати шеър, намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ ва иҷрои мусиқии зинда фазои чорабиниро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардонид.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди идона ҷараён гирифта, иштирокдорон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ фароғат намуданд.