Имрӯз, 5 феврали соли 2026, мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, № АП–1677 «Дар бораи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо», дар бинои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ 43 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ иштирок намуданд.
Нишасти мазкур таҳти раёсати Зулфиқор Гулаҳмадзода — Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки Гулафрӯз Шарипова — намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ҳамчунин муовинони Раиси Кумита, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, раиси Федератсияи паралимпии Тоҷикистон, инчунин кормандони сохтор ва зерсохторҳои Кумита иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи нишасти матбуотӣ Раиси Кумита нақши воситаҳои ахбори оммаро дар инъикоси саривақтӣ ва воқеии дастовардҳо ва муваффақиятҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар баланд арзёбӣ намуда, аз иштироки фаъолонаи намояндагони ВАО изҳори қаноатмандӣ карданд.
Сипас, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумоти муфассал оид ба фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки дар давоми соли ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои системавӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон 42 889 чорабинӣ бо фарогирии 4 347 840 нафар ҷавонон ва намояндагони ҷомеа баргузор гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 аз лиҳози шумораи чорабиниҳо 353 адад ва аз лиҳози фарогирӣ 84 250 нафар зиёд мебошад.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият 11 280 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 129 варзишгоҳ, 7 966 майдончаи варзишӣ, 2 321 толори варзишӣ, 107 ҳавзи шиноварӣ, 91 маҷмааи варзишӣ ва маркази солимгардонӣ, ҳамчунин 771 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тирҳои варзишӣ, боулинг, фитнес-клубҳо, билярд, каток, тенниси рӯи миз ва клубҳои ихтиёрӣ, ки фаъолияти пурсамар доранд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар соли 2025 аз ҷониби Кумита дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии федератсияҳои варзишии кишвар 1 540 нафар варзишгар, аз ҷумла 450 нафар бонувон, аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ, ба 112 мусобиқаи байналмилалӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 510 медал, аз ҷумла 140 тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ ворид намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 62 медал зиёд мебошад (6 тилло, 58 нуқра ва 2 биринҷӣ).
Дар натиҷаи дастовардҳои варзишгарони кишвар дар соли 2025 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 510 маротиба дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барафрохта шуда, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 140 маротиба ба ифтихори пирӯзиҳои онҳо садо додааст.