Санаи 8 ноябри соли 2025 дар шаҳри Риёз вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо роҳбарияти Анҷумани умумиҷаҳонии ҷавонони мусалмон (WAMY) баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти ҷавонон, густариши барномаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи сиёсати ҷавонон ва таҳкими робитаҳои байниинститутсионалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Кумита иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоиву иқтисодӣ меҳисобад ва ҳамкории байналмилалиро дар ин замина васеъ ба роҳ мондааст.
Дар навбати худ, аз ҷониби роҳбарияти WAMY омодагӣ барои тавсеаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳор гардида, қайд карда шуд, ки WAMY омода аст дар ҳамкорӣ бо Кумита барномаҳои муштарак, тренингҳо, ҳамоишҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои рушди иқтидори ҷавононро роҳандозӣ намояд.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Кумита ва WAMY ба таҳкими робитаҳои дӯстона миёни ҷавонони кишварҳои ҷаҳон мусотдат хоҳад кард.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ баргузор гардида, ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки дар оянда муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сиёсати ҷавонон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.