Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани тартиби ягонаи ҷамъоварии маблағи хизматрасониҳои пулакӣ, беҳтаргардонии фаъолияти молиявию иқтисодии Корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи партовкашонӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва таъмин…
Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани тартиби ягонаи ҷамъоварии маблағи хизматрасониҳои пулакӣ, беҳтаргардонии фаъолияти молиявию иқтисодии Корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи партовкашонӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва таъмин намудани нишондиҳандаҳои мусбии иқтисодӣ, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Руслан Қодирзода қарори дахлдорро «Дар бораи тасдиқи тарифҳои хизматрасонии партовбарорӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи партовкашонӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ» ба имзо расониданд.
Қарори мазкур дар асоси фармоиши Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 9 июни соли 2026, №11 «Дар бораи тасдиқ намудани нархномаҳои хизматрасонии партовбарорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе» қабул гардида, ба беҳтар намудани низоми хизматрасонӣ, таъмини фаъолияти босамари соҳа ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ равона шудааст.
Тибқи тарифҳои тасдиқшуда, маблағи хизматрасонии партовбарорӣ барои як истиқоматкунанда дар биноҳои истиқоматии пешинаи бо қубури партовпартоӣ муҷаҳҳаз (аз 9 ошёна боло) 5,80 сомонӣ, дар биноҳои истиқоматии бе қубури партовпартоӣ 4,80 сомонӣ, дар ҳавлиҳои истиқоматии шахсӣ 7,10 сомонӣ ва дар ҳавлиҳои истиқоматии хурди кӯҳна 6,60 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, барои муассисаҳои буҷетӣ нархи хизматрасонӣ барои ҳар як метри мукааб партов 64,70 сомонӣ ва барои ташкилоту корхонаҳои тиҷоратӣ барои ҳар як метри мукааб 107,40 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Дар қарор ба Корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи партовкашонӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, тақвияти низоми ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои биллингӣ, васеъ намудани шартномабандӣ бо аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор, инчунин сари вақт ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ супоришҳои мушаххас дода шудааст.
Тибқи қарори мазкур, қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 1 августи соли 2023 таҳти №175 «Дар бораи баланд бардоштани тарифҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи партовкашонӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ» аз эътибор соқит дониста шуда, қарори нав аз 1 июли соли 2026 мавриди амал қарор дода мешавад.
Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод гардида, ҷиҳати ба аҳолӣ расонидани муҳтавои он тавассути воситаҳои ахбори омма чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.