Имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия - Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадори меҳнат, собиқ вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия - Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқадори меҳнат, собиқ вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимов Абдуҷалол, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2025, №11-99 бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфарз гардонида шудааст, тақдим намуданд.
Сазовор дониста шудан ба чунин мукофоти баланди давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорон нишони қадршиносӣ ба хизматҳои шоиста, фаъолияти созанда, ташаббусҳои ватандӯстона ва саҳми арзандаи онҳо дар пешрафту ободии Ватан мебошад.