Рӯзҳои 7-10 апрели соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон яке аз бузургтарин чорабиниҳои соҳаи технологияи иттилоотӣ «ICT WEEK-2025» баргузор мешавад. Инчунин дар доираи он, ифтитоҳи IT-Парки ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои…
Рӯзҳои 7-10 апрели соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон яке аз бузургтарин чорабиниҳои соҳаи технологияи иттилоотӣ «ICT WEEK-2025» баргузор мешавад.
Инчунин дар доираи он, ифтитоҳи IT-Парки ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ» дар назар аст.
«ICT WEEK-2025» ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи IT ва технологияи рақамӣ, баланд бардоштани маърифати технологияи иттилоотӣ ва инноватсияҳои нав дар Тоҷикистон равона шудааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ конфронсу семинарҳо бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои байналмилалӣ, коршиносони соҳа, стартапҳо ва аҳли ҷомеа баргузор хоҳад шуд.