Дар ҳошияи Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ҷаласаи канорӣ дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои такмили хизматрасониҳои молиявӣ, тавсеаи тиҷорати электронӣ ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамчун самтҳои муҳими рақамикунонии иқтисод баррасӣ шуда, ба беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба хизматрасониҳои муосир, баланд бардоштани шаффофияти амалиёти молиявӣ ва самаранокии фаъолияти иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Чунин ҳамоишҳо барои табодули таҷриба, таҳкими шарикии технологӣ ва ташаккули ташаббусҳои муштарак замина фароҳам оварда, ба рушди иқтисоди рақамӣ ва афзоиши рақобатпазирии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.