Дар ҳошияи Форуми байналмилалии «TAJ-TECH 2026» директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо директори ширкати «Бейонд Инвестментс Груп» Леандро Словински мулоқот намуд.
Дар доираи мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, табодули таҷриба, ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои технологӣ ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ин мулоқот метавонад барои густариши робитаҳо ва муайян кардани самтҳои ҳамкории минбаъда замина гузорад. Ҷалби сармояи шарикони байналмилалӣ бо дарназардошти имкониятҳои кишвар метавонад ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат намояд.