Рӯзҳои 21-23 сентябри соли 2026 дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии миллӣ оид ба амнияти киберӣ баргузор гардид.
Ҳадафи курс баланд бардоштани сатҳи омодагии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҷиҳати ошкорсозӣ, таҳлил ва вокуниши саривақтӣ ба ҳодисаҳои киберӣ, такмили малакаҳои касбии мутахассисон ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ дар ин самт буд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, мутахассисону коршиносони соҳаи амнияти киберӣ, инчунин намояндагони Иттиҳоди байналмилалии алоқа иштирок намуданд.
Дар доираи курс иштирокчиён бо муҳити таълимию тамринӣ, ҳадафҳо ва тартиби иҷрои машқҳои амалӣ шинос гардида, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи амнияти киберӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар раванди омӯзиш ба иҷрои машқҳои амалӣ дар асоси сенарияҳои гуногуни ҳодисаҳои киберӣ, таҳлили таҳдидҳои эҳтимолӣ ва интихоби чораҳои муассири вокуниш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Баргузории чунин курсҳои омӯзишӣ ба рушди иқтидори кадрӣ дар соҳаи амнияти киберӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии мутахассисон ва тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҷиҳати таъмини амнияти киберӣ ва ҳифзи инфрасохтори рақамии кишвар мусоидат менамояд.