18 сентябри соли 2026 дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Тарғиби либоси миллӣ ва одобу муошират омили ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ ба…
18 сентябри соли 2026 дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Тарғиби либоси миллӣ ва одобу муошират омили ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ ба гиромидошти арзишҳои миллӣ, тарғиби одобу муошират ва шиносоӣ бо либоси миллии минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Бадахшону Рашт, бахшида шуд. Ҳадафи он баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва таҳкими муносибатҳои нек дар ҷомеа буд.
Либоси миллӣ бозгӯйи таърих, ҳунар ва завқи зебоипарастии мардуми тоҷик буда, одобу муошират дар эҳтироми якдигар, суханварии нек ва рафтори шоиста зоҳир мегардад. Пос доштани ин арзишҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ба наслҳои оянда расонидани мероси ғании фарҳангӣ мусоидат менамояд.