Рӯзи 21 январи соли 2025 бо ибтикори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи «Рушди инноватсияи рақамӣ дар ҳошияи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҳадафи муҳокимаи ҷанбаҳои муҳими сиёсати давлат дар самти рушди инноватсия ва технологиҳои рақамӣ баргузор гардид.
Дар кори он роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуда, аз ҷониби онҳо вобаста ба муҳтавои муқаррароти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо шунида шуд.
Дар доираи чорабинӣ, инчунин нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ислоҳоти қонунгузорӣ, ки барои таъмини рушд ва истифодаи технологияҳои муосир зарур аст, ва инчунин барномаҳои таълимии махсус барои омодасозии мутахассисони соҳа муҳокима шуданд.
Мизи гирд ба иштироккунандагон имконият фароҳам овард, ки таҷриба ва афкори худро дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла рушди барномаҳои таълимии инноватсионӣ ва рақамӣ, таҳкими қонунгузорӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия, марҳилаҳои ташаккули тибби инноватсионӣ, таъмини амнияти бехатарӣ дар низоми рақамии кишвар ва роҳҳои амалишавии пурраи онҳоро мубодила намоянд.
Қайд гардида, ки рушди инноватсия ва технологиҳои рақамӣ барои Тоҷикистон як самти муҳим буда, дар оянда метавонад ба рушди устувор ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум дар тамоми кишвар мусоидат намояд.
Дар охир муколамаи озод байни иштироккунандагон сурат гирифта, дар маҷрои амалишавии иқдомҳои гузошташуда ибрози назар намуданд.