28 июл дар шаҳри Душанбе дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон ва бо дастгирии CIPE (Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ)…
28 июл дар шаҳри Душанбе дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон ва бо дастгирии CIPE (Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ) ҷаласаи байниидоравӣ баргузор гардид. Ҷаласа ба рушди экосистемаи рақамии тиҷорати байналмилалӣ ва оғози лоиҳаҳои озмоишии тиҷорати бидуни коғаз бахшида шуд.
Вохӯрии мазкур дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10.2026, №552 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба соддагардонии расмиёти тиҷорати фаромарзии бидуни коғаз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар муҳокима намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Натиҷаи асосии вохӯрӣ - дастгирии якдилонаи оғози лоиҳаҳои озмоишӣ буд, ки ба гузариши тиҷорати хориҷӣ ба шакли рақамӣ мусоидат мекунанд.
Чӣ ба нақша гирифта шудааст?

Ҳамгироии низомҳои давлатии иттилоотӣ. Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, МД «Равзанаи ягона» ва Вазорати нақлиёт низомҳои иттилоотии худро бо ҳам пайваст менамоянд. Асоси ин раванд ҳисобнома-фактураи электронӣ (e-Invoice) хоҳад буд, ки имкон медиҳад маълумот танҳо як маротиба ворид гардида, минбаъд дар идораҳои гуногун чандин маротиба истифода шавад.

Ҳамгироии бахши хусусӣ бо хизматрасониҳои давлатӣ. Дар доираи лоиҳаи озмоишӣ портали «Логистикаи сабз»-и ширкати «Мавсим ва К» бо низомҳои давлатии иттилоотӣ барои ҳамроҳии амалиёти воридотию содиротӣ дар бахшҳои “тиҷорат ба тиҷорат” (B2B) ва “тиҷораб ба мизоҷон” (B2C) пайваст карда мешавад.

Лоиҳаи озмоишӣ оид ба пардохт ҳангоми таҳвил (Cash On Delivery). Якҷо бо Кумитаи андоз низоми пардохти ҳангоми таҳвил бо истифода аз расиди электронӣ озмоиш карда мешавад.