24 декабри соли 2024 роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами танзими хуқуқии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва паркҳои технологӣ: ҳолат, мушкилот ва дурнамо” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конференсияи мазкур намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ, паркҳои технологӣ ва коршиносон атрофи дастовардҳои илмӣ ва маводи нашрӣ оид ба раванд ва танзими ҳуқуқии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва паркҳои технологӣ маърӯза намуданд.