Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ буда, идоракунӣ, татбиқи «Ҳукумати электронӣ», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, ҷорӣ ва рушди гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, истифодаи имзои электронӣ, рушди савдои электронӣ, батанзимдарории зеҳни сунъӣ, инчунин такмили равандҳои технологӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти фаъолиятро таъмин менамояд.
Раванди рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ ба ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи тадбирҳои ислоҳотӣ ва бо мақсади таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳбуди сифати хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушди технологияҳои рақамӣ, дастгирии навоварӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони маҷмааи муосири «IT Hub Dushanbe» санги асос гузошта шуд.
«IT Hub Dushanbe» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои инфрасохторӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти он барои ташаккули экосистемаи иқтисоди рақамӣ, рушди зеҳни сунъӣ, соҳибкории технологӣ, тадқиқоти илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос равона мегардад.
Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ бо назардошти таҷрибаи кишварҳои минтақа таҳия карда шуда, ҷиҳати таъмини мубодилаи мукотибот бидуни истифодаи коғаз фаъол мебошад.
Низоми мазкур бо имзои рақамӣ дар беш аз 2980 мақомоти марказӣ ва ташкилотҳои зертобеъ, инчунин мақомоти маҳаллӣ насб шуда, шумораи истифодабарандагони он 25 300 нафарро ташкил менамояд.
Татбиқи Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин рушди низоми ҳукумати электронӣ портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (ekhizmat.tj) ҷорӣ карда шуд.
Дар доираи портали мазкур айни замон беш аз 116 хизматрасониҳои 16 мақомоти давлатӣ дастрас мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 976 644 - нафар бо назардошти нафақагирон аз айнияткунонӣ гузашта, 62 096 муроҷиат барои гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Тавассути портали ягона, хизматрасониҳои маъмул ба монанди иҷозат барои истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира (ҳарруза зиёда аз 500 хизматрасонӣ), маълумот оид ба доштан ва надоштани доғи судӣ (ҳарруза зиёда аз 100 хизматрасонӣ), ваколатнома барои истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо аллакай дастрас мебошанд.
Маркази хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли ҳузурӣ бо ташрифи шаҳрвандон ба фаъолият оғоз намуд.
Низоми байниидоравии ҳамгироии иттилоотӣ (пули ҳушманд) ҷорӣ шуда, мақомоти хизматрасон ба он пайваст гардида истодаанд.
Ҳамзамон, интернет-портали ягонаи давлатӣ (ehukumat.tj) ҳамчун инфрасохтори мутамаркази миллии иттилоотию коммуникатсионӣ таҳия ва ба истифода дода шуда, дар доираи он сомонаҳои 94 мақомот ва ташкилоти давлатӣ муттаҳид ва ҳамгиро гардидаанд.
Дар назди Агентӣ Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизимҳои ҳифзи барномавӣ, бо истиснои маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, амалӣ карда мешавад. Ин иқдом ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, шаффофият ва устувории низомҳои иттилоотӣ мусоидат менамояд.
Бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид барои дастгирӣ ва рушди ширкатҳои соҳавии технологияҳои иттилоотӣ, IT-Парк дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад, ки бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ 84 субъект (резидент) дар он ба қайд гирифта шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки аз оғози фаъолияти Агентӣ то ба имрӯз ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва таъмин намудани самаранокии фаъолияти соҳа, 5 қонун, 34 қарори Ҳукумат ва 5 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии ташаккулдиҳандаи асоси рушди соҳа таҳия ва тибқи тартиб мавиди амал қарор дода шудаанд.
Аз ҷумла, бо қабул гардидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохтҳои иловапулӣ ба кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» имконияти муносиб барои ҷалб ва омода кардани мутахассисони ватании рақобатпазир фароҳам гардида истодааст.
Дар ин раванд, сифати таъминоти кадрӣ баланд гардида, ба суръатбахшии раванди рақамикунонӣ ва афзоиши самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ замина гузошта мешавад.
Бо қабули фармони мазкур яке аз се мушкилоти асосии соҳа, яъне норасоии мутахассисони баландихтисос, ки асосан бинобар сабаби рақобатпазир набудани музди меҳнат нисбат ба бахши хусусӣ мушоҳида мегардид, пурра ҳалли худро ёфт.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентӣ 3 ҳуҷҷати ҳамкорӣ бо ҳамтоёни кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла ёддошти тафоҳум оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи соҳавӣ ба имзо расонида шуда, татбиқи минбаъдаи онҳо мавриди пайгирии масъулин қарор дорад.
11 майи соли 2026 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекин IT Форум таҳти унвони «Tajik-China Digital Business Connect» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ 70 ширкати соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 120 ширкати бонуфузи технологии Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намудаа, 28 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон» бо мақсади баланд бардоштани зарфиятҳои кадрӣ литсейҳои равияи соҳавӣ таъсис дода шуда, корбарӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти онҳо идома дорад.
Татбиқи лоиҳаи биниши рақамӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ идома дошта, то имрӯз ба ҷумҳурӣ 15 адад тарозуи ҳушманд ворид гардида, аз ин шумора 4 адад насб ва мавриди истифода қарор гирифта, насби тарозуҳои боқимонда идома дорад. Ҳамзамон 4 адад сканери рентгении автомобилӣ, 20 адад сканери рентгении бағоҷи мусофирон ва дар 46 дидбонгоҳи гумрукӣ камераҳои ҳушманд насб гардида, барои рақамикунонии гузаргоҳҳои гумрукӣ ва баланд бардоштани шаффофият, самаранокӣ ва амнияти фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ заминаи муоид фароҳам оварда шудааст.
Марҳилаи аввали лоиҳаи рақамикунонии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ пурра анҷом ёфта, феҳристи ягонаи электронии мутамарказ таҳия ва ҷорӣ гардида, нисбат ба раванди ба таври автоматӣ таъин ва пардохти нафақа корбарӣ идома дорад.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи ваколатҳои соҳавӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ чораҳои муассирро роҳандозӣ менамояд.