Санаи 25 – июни соли ҷорӣ дар чорабинӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва меҳмони чорабинӣ муҳаққиқ ва шоири тоҷик, номзади илмҳои сиёсӣ Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо ва ҷамъи кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои он иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ сухани ифттитоҳи аз ҷониби роҳабарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ атрофи ҷашни бузурги миллӣ ироа гардид.
Дар қисмати дигар аз ҷониби меҳмон аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги давлатдорӣ ва омили асосии суботу рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Қайд гардид, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор гардида, барои пешрафти тамоми соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам омад.
Зимни чорабинӣ иштирокчиён оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти Агентӣ ҳамаи кормандон ва ҳамватанонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуданд.