29 ноябри соли 2024 дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии корӣ оид ба таҳияи Нақшаи миллӣ барои Тоҷикистон дар доираи Созишномаи қолабӣ оид ба содагардонии расмиёти савдои беқоғази наздисарҳадӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо иштироки Ян Дювал – сардори бахши сиёсати савдо, содагардонии савдо, сармоягузорӣ ва инноватсияи Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) ва намояндагон аз мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.
Дар вохӯрии корӣ роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо сухани ифтитоҳи баромад карда, пешрафт ва дастовардҳо, ҳамкории самарабахши минтақавӣ, мубодилаи маълумотҳои фаромарзӣ ва амсоли инро қайд намуд. Махсусан ба ислоҳотҳо дар самти инноватсия ва гузариши рақамӣ, тиҷорати рақамӣ, тиҷорати минтақавӣ ва истифодаи таҷрибаи пешкадами минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар татбиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ишора карда шуд.
Зимни вохурӣ ба иштирокчиён тариқи рӯнамо таҷрибаи беҳтарини дигар кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки ба Созишномаи болоқайдгардида ҳамроҳ шуданд, пешниҳод гардид.
Чорабинии мазкур аз 4 сессия дар мавзуҳои ташаббусҳои калидӣ дар соҳаи тиҷорат, мусоидат ба савдои бидуни коғаз ва фаромарзӣ, тамоюлҳои асосӣ дар савдои байнисарҳадии бидуни коғаз дар минтақа ва CPTA ва муҳокимаи қадамҳо оид ба анҷом додани таҳияи аввалин нақшаи амал иборат буд.
Бояд қайд кард, ки санаи 8 декабри соли 2022 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи қолабӣ оид ба содагардонии расмиёти савдои беқоғази наздисарҳадӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (CPTA) ҳамроҳ гардид. Биноан иштирокчиён оид ба таҳияи лоиҳаи Нақшаи миллӣ барои Тоҷикистон дар доираи Созишномаи мазкур мубодилаи афкор намуда такмил додани он ва ба UN ESCAP равона гардонидани онро изҳор намуданд.