25 ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бори нахуст Форуми байналмилалии “Digital Tajikistan" баргузор гардид.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ роҳандозӣ карда шаванд».
Бо назардошти гуфтаҳои Роҳбарияти Олии кишвар ислоҳот дар инфрасохтори рақамӣ ва молиявии кишвар бо суръат рушд намуда истода, таъсиси низоми пардохти миллӣ, таҳкими бонкҳои мобилӣ ва платформаҳои рақамии ҳукуматӣ, барои беҳтар кардани хидматрасониҳои молиявӣ ва суръат бахшидани татбиқи навовариҳо дар кишвар кӯмак мекунанд.
Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур муаррифии имконият ва зарфиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохторӣ давлатӣ, бахши хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмиллалӣ вобаста ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, иқдоми навбатии ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ дар мамлакат мебошад.
Беш аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносони самти технологияҳои иттиоолтӣ дар кори он иштирок намуданд.
Қобили қайд аст, ки дар кори форум роҳбарони мақомоти давлатии кишвар, аз ҷумла директори Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Тоҷикистон, вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагии ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар коршиносон барҷаста ширкат варзида, доир ба таҷрибаҳои худ ва дар самти мазкур табодули назар намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тули чанд соли охир як силсила ислоҳоти бузург дар самти инноватсияи рақамиро амалӣ карда истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки пеш аз баргузории форум, Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи "Инноватсия ва табдили рақамии Тоҷикистон"-ро ташкил намуд, ки мақсади ин чорабинӣ муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар кишвар, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва ҳукумат электронӣ, рушди технологияҳои нав, аз ҷумла финтех, таъмини амнияти кибербехатарӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар соҳаи рушди инноватсия ва рақамикунонӣ, аз ҷумла модернизатсияи ҳукумати электронӣ, таъсиси низоми пардохти миллӣ ва рушди технологияҳои молиявӣ пешравиҳои назаррас намоиш медиҳад.
Форум байналмилалии Digital Tajikistan - идомаи мантиқии ҳафтаи инноватсияҳо буда, майдони баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ин таҳаввулот, ба монанди тиҷорати электронӣ ва такмили инфрасохтори давлатӣ, рушди бонкҳои рақамӣ, истифодаи технологияи блокчейн, таъмини амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва дурнамои Open Banking дар минтақа мебошад.
Дар идомаи кори он сесияҳои панелӣ бо ҷалби васеи коршиносон дар мавзуҳои гуногун, аз ҷумлаи “Рушди Тоҷикистон - роҳ ба сӯи ҷомеаи муосири рақамӣ”, “Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва низоми ҳамкорӣ бо шаҳрвандон”, “Истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти бонкӣ”, “Хадамоти электронӣ дар идоракунии давлатӣ ва G2C. Хадамоти давлатӣ берун аз eGOV”, “Татбиқи бонкдории исломӣ”, “Табдили рақамӣ. Рақамикунонии бонкдорӣ ва чакана”, “Дурнамои бонкҳои рақамӣ ва ғайрибонкӣ дар Осиёи Марказӣ”, “Саноати криптоасъор – 2024”, “Open Banking и Open API”. “Зарфият ва роҳҳои рушди бонкдории анъанавӣ”, “Технологияҳои молиявӣ - ҳамчун фарҳанги саноати бонкӣ”, “Blockchain ва smart - шартномаҳо. Токенизатсияи дороиҳо” ва дигар масъалаҳои фарогири самти инноватсия ва рақамикунонӣ баргузор ва назари коршиносон шунида шуд.