Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонӣ, рушди ҳукумати электронӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 15 майи соли 2026 семинари ҷумҳуриявии омӯзиширо дар мавзӯи «Коргузорӣ ва назорати электронии ҳуҷҷатҳои хизматӣ: мушкилот ва дурнамои рушд» баргузор намуд.
Дар семинари мазкур зиёда аз 240 нафар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона ва ташкилотҳо, инчунин кормандони шуъбаҳои умумӣ ва котибот иштирок намуданд. Чорабинӣ ба таҳкими малакаҳои касбӣ дар самти коргузории электронӣ, такмили раванди гардиши ҳуҷҷатҳо ва истифодаи самараноки Низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ равона гардида буд.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои марбут ба бақайдгирии ҳуҷҷатҳои воридотӣ, содиротӣ ва дохилӣ, назорати иҷрои супоришҳо, тартиби манзурӣ, истифодаи имзои электронии ҳифзшуда ва таҳияи ҳисоботҳои электронӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Ҳамзамон, мушкилоти мавҷуда дар раванди гардиши электронии ҳуҷҷатҳо таҳлил гардида, роҳҳои ҳалли онҳо бо иштироки мутахассисон баррасӣ шуданд.
Иштирокчиён дар доираи қисми амалӣ бо имкониятҳои техникиву функсионалии Низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ шинос гардида, оид ба истифодаи дурусти низом, таъмини амнияти иттилоотӣ ва баланд бардоштани самаранокии коргузорӣ машғулиятҳои амалӣ гузарониданд.
Ҳадафи асосии баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи омодагии мақомоти давлатӣ барои гузариш ба гардиши пурраи электронии ҳуҷҷатҳо, тақвияти шаффофият дар фаъолияти идорӣ, суръатбахшии баррасии муроҷиатҳо ва таҳкими раванди рақамикунонии идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён барои иштироки фаъолона сипосномаҳо тақдим гардид ва вобаста ба татбиқи минбаъдаи низомҳои рақамӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ тавсияҳои амалӣ пешниҳод карда шуданд.