Санаи 6 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минтақавиро дар самти зеҳни сунъӣ ва табдили рақамӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки зеҳни сунъӣ имрӯз ба яке аз омилҳои муҳими суръатбахшии инноватсия, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва таҳкими робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.
Ҳамзамон, иштирокчиён ба аҳамияти татбиқи равишҳои ҳамоҳангшудаи минтақавӣ дар ташаккули экосистемаҳои рақамӣ, рушди сармояи инсонӣ ва густариши табодули дониш дар соҳаи технологияҳои рақамӣ таъкид намуданд.
Дар рафти муҳокимаҳо масъалаи таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун платформаи фарогири ҳамкорӣ байни кишварҳо, муассисаҳои илмӣ, коршиносони соҳаи технология ва шарикони рушд низ баррасӣ гардид.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ, таъмини рушди устувор ва пешрафти технологӣ дар минтақа аҳамияти муҳим дорад.