2 апрел дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзуи «Савдои фаромарзии беқоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ (CIPE) ташкил карда шуд, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти калидии давлатӣ, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии мизи мудаввар таҳияи қарорҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати пешбурди табдили рақамии равандҳои савдо, баланд бардоштани шаффофияти иқтисодӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии институтсионалӣ арзёбӣ гардид.
Қайд карда шуд, ки дар шароити рушди босуръати тиҷорати электронӣ дар кишвар, такмили механизмҳои амалкунандаи танзим аҳамияти калидӣ пайдо намуда, талаботи нав ба идоракунии самараноки равандҳои савдо ба миён омадааст.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки рушди минбаъда гузариш аз қарорҳои ҷудогона ба низоми ҳамгирои рақамии идоракунии савдоро тақозо менамояд. Дар ин замина, ҳамчун самтҳои афзалиятнок принсипҳои зерин муайян карда шуданд:
идоракунӣ бар асоси маълумот;
автоматизатсияи расмиёти маъмурӣ;
ҳамгироии фарогири системаҳои давлатӣ ва хусусӣ;
ҷорӣ намудани назорати ба хавф нигаронидашуда.
Зимни мизи мудаввар зикр гардид, ки ҳадафи ниҳоии ташаббус таъсиси муҳити шаффоф, пешбинишаванда ва миқёспазири рақамии савдо мебошад, ки ба занҷирҳои таъминоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мутобиқ ва ҳамгиро мебошад.
Ташаккули экосистемаи ягонаи рақамии тиҷорати электронӣ ҳамчун омили муҳими таъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ ва густариши иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар савдои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.