Рӯзи 20 январи соли 2026 бо ибтикори роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ дар мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми банақшагирии стратегӣ ва барномаи рушди қонунгузорӣ» бо ҳадафи муҳокимаи ҷанбаҳои муҳими сиёсати давлат дар самти рушди инноватсия ва технологиҳои рақамӣ баргузор гардид.
Дар кори он роҳбарият ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ иштирок намуда, аз ҷониби масъулон вобаста ба муҳтавои муқаррароти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо ва маърӯзаҳо шунида шуд.
Чорабинии мазкур ба иштироккунандагон имконият фароҳам овард, ки таҷриба ва афкори худро дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла ҷамбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозсӣ, сиёсӣ ва ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин рушди барномаҳои таълимии инноватсионӣ ва рақамӣ, таҳкими қонунгузорӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия ва роҳҳои амалишавии пурраи онҳоро мубодила намоянд.
Қайд гардид, ки рушди инноватсия ва технологиҳои рақамӣ барои Тоҷикистон як самти муҳим буда, дар оянда метавонад ба рушди устувор ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум дар тамоми кишвар мусоидат намояд.
Дар охир муколамаи озод байни иштироккунандагон сурат гирифта, дар маҷрои амалишавии иқдомҳои гузошташуда ибрози назар намуданд.