14 октябри соли 2024 дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти амалӣ дар мавзуи «Муоширати самаранок» барои мутахассисон ва мутахассисони пешбар баргузор карда шуд.
Дар раванди машғулият атрофи мақсад ва вазифаҳои муошират, шартҳои муоширати самаранок, намудҳои муошират, муоширати берунӣ, дохилӣ, байнисатҳӣ ва зерсохторӣ, муоширати роҳбар ва зертобеон, муоширати роҳбар ва гурӯҳи корӣ, монеаҳои муошират дар корхона, такмилёбии муошират дар мақомот, раванди робитаи мутақобила ва муоширати вербалӣ ва ғайривербалӣ рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар фарҷоми машғулияти амалӣ иштирокчиён дар мавзуи «Такмилёбии муошират дар мақомот» муаррифот пешкаш намуданд.