Аз 25 то 29 августи соли ҷорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дошт. Ҳадафи сафар табодули таҷриба дар соҳаи рақамикунонӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ мебошад.
Соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамиро дар ҳайати мазкур диретори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо муаррифӣ намуд.
Дар шаҳри Бишкек мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Данияр Амангелдиев баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва энергетикӣ, аз ҷумла CASA-1000, баррасӣ гардиданд. Ҷониби Қирғизистон омодагии худро барои мубодилаи таҷриба дар соҳаи рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва зиёд намудани ҳаҷми савдои мутақобила бо Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Дар доираи сафар ҳайати Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии «Кызмат» боздид ба амал оварда, бо як қатор лоиҳаҳои рақамӣ, аз ҷумла низоми «Шаҳри амн», гардиши электронии ҳуҷҷатҳо «Инфодокс», ҳалли абрӣ (cloud solutions), G-Cloud ва Кызмат-ID, инчунин фаъолияти ҶСК «Учкун» ва «Технопарк» шинос гардид.
Дар натиҷаи сафар тарафҳо омодагии худро барои идомаи табодули таҷриба ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, маъмурияти андоз, идоракунии молияи давлатӣ ва рушди сайёҳӣ таъкид намуданд.