Санаи 20 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми миллии «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ» бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ассостсиатсияҳои соҳавӣ баргузор гардид.
Дар кори форум директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Дафтари Швейстария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, Роҳбари намояндагии доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ва дигар роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, инчунин беш аз 100 намояндагон аз созмонҳои байналмилалӣ ва бахшҳои давлатию хусусӣ иштирок намуданд.
Форуми мазкур мутахассисони соҳаҳои гуногунро ба ҳам оварда, дар он равандҳои муҳими идоракунии рақамӣ аз қабили арзёбии ҳолати кунунии ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ, инчунин таъсири онҳо ба дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар, муайян намудани муносибат ва нақши мутавозини ҷонибҳо дар танзими инфрасохтори ҳаётан муҳими иттилоотию амнияти киберӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба рушди устувори рақамии кишвар баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ баррасӣ карда шуданд.
Мақсади маҷмӯии форум ин созмон додани платформаи боваринок ҷиҳати мунтазам муайян намудани самтҳои ҳамкориҳои ояндаи судманд байни мақомотҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд мебошад.
Идомаи кори Форуми болозикр бо баргузории сессияҳои панелии зерин натиҷагирӣ гардиданд:
- рушди ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- танзими тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- инфрасохтори ҳаётан муҳим ва киберамният дар ҳукумати электронӣ.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур вобаста ба тавсеаҳои ҳамкориҳои минбаъда ва роҳҳои баланд бардоштани суръати раванди рақамикунонии кишвар муҳокимаҳои сатҳи соҳавӣ доир карда шуд.