Бо ташаббуси беназири Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамасола 25-уми май дар сатҳи байналмилалӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷашн гирифта мешавад.
Бахшида ба ин сана, 24-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи футбол бо иштироки кормандони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим миёни кормандон буда, он дар рӯҳияи дӯстиву рафоқат сурат гирифт. Ба дастаи ғолиб Ҷоми Агентӣ ва ба дастаҳои дигари ҷоизадор сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар оянда роҳандозии мусобиқаҳои дигари варзишӣ низ миёни кормандони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.