Табрикоти идона! Муҳтарам ҳамватанони азиз! Арҷмандон, олимону муҳаққиқон, кормандони соҳаи илм ва кишоварзӣ! Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори яке аз муқаддастарин…
Муҳтарам ҳамватанони азиз!
Арҷмандон, олимону муҳаққиқон, кормандони соҳаи илм ва кишоварзӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори яке аз муқаддастарин ҷашнҳои давлатии кишварамон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик ва муборакбод менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ рамзи сулҳу субот, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик мебошад. Ин санаи сарнавиштсоз бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 ба таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва созандагӣ ворид гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ барои рушди устувори кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва зиндагии осоиштаи мардум заминаи боэътимод фароҳам овард.
Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ ноил гардидааст. Пешрафти соҳаи илму маориф, рушди кишоварзӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва баланд гардидани нуфузи байналмилалии кишвари азизамон самараи ваҳдат, сулҳ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлат мебошад. Барои ҷомеаи илмӣ Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ рушд намуда, дастовардҳои илм ба манфиати ҷомеа ва иқтисоди миллӣ равона гарданд. Олимону кормандони Муассисаи давлатии «Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ дар таҳкими амнияти биологӣ, ҳифзи солимии ҳайвонот, рушди биотехнология ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд. Мо вазифадорем, ки ин неъмати бузург – сулҳу ваҳдатро ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ ҳифз намуда, дар тарбияи насли ҷавон рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдориро боз ҳам таҳким бахшем. Бо ифтихор метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ пояи устувори ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Бигзор сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ ва ризоияти миллӣ ҳамеша дар саросари Ватани азизамон пойдор бошад.
Бори дигар тамоми мардуми Тоҷикистон, аҳли илм, муҳаққиқон, кормандони соҳаи кишоварзӣ ва ҳамаи ҳамкорони муассисаро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, файзу баракат, осмони соф ва дар фаъолияти илмӣ ва меҳнатӣ дастовардҳои боз ҳам бештар орзу менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад.!
Ба калому эҳтиром директори Муассисаи давлатии «Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои ветеринарӣ Абдуллоев Азизулло Одилович