ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ ИНСТИТУТ БА МУНОСИБАТИ САРФАРОЗ ГАРДИДАН БО МЕДАЛИ «ХИЗМАТИ ШОИСТА» Раёсати Муассисаи давлатии «Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон , олимон ва кормандони Институт ходими…
ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ ИНСТИТУТ БА МУНОСИБАТИ САРФАРОЗ ГАРДИДАН БО МЕДАЛИ «ХИЗМАТИ ШОИСТА»
Раёсати Муассисаи давлатии «Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, олимон ва кормандони Институт ходими пешбари илмии Озмоишгоҳи бемориҳои махсусан хавфноки ҳайвонот Ахмадов Нусратулло Азизбекович-ро ба муносибати сарфароз гардиданашон бо медали «Хизмати шоиста» самимона табрик менамоянд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1199 аз 5 августи соли 2026, Ахмадов Нусратулло Азизбекович барои хизматҳои шоиста дар назди давлат ва ҷомеа, саҳми арзанда дар рушди соҳаи илму маориф ва фаъолияти самараноки касбӣ бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.