Рӯзӣ 18 декабри соли 2025 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз дар шаҳри Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ» ифтитоҳ гардид. Дар доираи фаъолияти марказ…
Рӯзӣ 18 декабри соли 2025 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз дар шаҳри Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ» ифтитоҳ гардид.
Дар доираи фаъолияти марказ татбиқи қарорҳои рақамӣ дар идоракунӣ, омӯзиши усулҳои муосири агротехнологӣ, рушди стартапҳои соҳавӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.
Ифтитоҳи марказ қадами муҳим дар самти рақамикунонии соҳа ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди муосир арзёбӣ мегардад.
Дар маросими ифтитоҳи ин марказ намоишгоҳи дастовардҳои илмӣ ва инноватсионии соҳаи кишоварзии мамлакат ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.