Ҳама сола таърихи 18-уми май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз бо шарофати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон қариб ҳама шаҳру навоҳии кишвар иститутиҳо корхонаҳои калон Осорхонаҳои худро доранд ва осору ҳафриётҳои таърихиро ба маърази дидӣ мардум гузоштаанд. Ҳукумати кишвар бо сиёсатҳои пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеъаи бахши фарҳангу таърих корҳои бисёр муассирро ба анҷом расонида истодааст.Аз ҷумлаи таваҷҷуҳи хосаи ҳукумати кишварро дар мавзӯи сохту ба истифода додани Осорхонаҳо ба таври равшан пай бурдан мумкин аст.
Ба ифтихори 34-солагӣ истиқлоли Тоҷикистон дар Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ 5- сентябри соли 2025 осорхонаи нав кушода шуд. Дар осорхона дастовардҳои илмӣ ва амалии олимони соҳаи ветеринариро муаррифи шудаанд.
Муовини Сарвазир Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва Президенти Академияи Илмҳои Кишоварзӣ профессор Салимзода Амонулло Файзулло аввалинҳо шуда аз ин осорхона дидан кардан.