“Мо итминони комил дорем, ки шинохти дирӯзу имрӯзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва ҷо овардани шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ мардуми моро ба соҳили мурод мерасонанд”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз сухан аз ваҳдат ва иттиҳоди миллат аст, аз ваҳдате, ки миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро ба ин мартабаи боло расонид. Истиқлоли мо ба ваҳдат шукуфо шуд, сарсабзу шодоб гашт. Давлати Тоҷикон дар арсаи олам эътироф ва соҳиби эҳтиром гардид. Миллате, ки аз касрати даргириҳои дохилӣ дар вартаи ҳалокат ва нобудӣ қарор дошт, бо шарофату баракати Ваҳдат рӯ сӯйи пешравӣ, сулҳ, осоишу оромиш ва омӯзишу фановарӣ овард. Халқи шарифу шарафманди тоҷик хуб медонад, ки ин сулҳу субот бо баҳои ҷону ҷонбозиҳои мардони баруманди миллат ба даст омадааст ва бо ҳисси баланди қадршиносӣ ба заҳматҳои бемисоли Пешвои муаззами миллатро дар масири давлатсозӣ арҷ мегузорад. Маҳз, ҷасорату мардонагӣ, аз худ гузаштанҳо, истодагарӣ барои ба даст овардани сулҳу субот, ҳисси ҷушони Ватандӯстӣ ва миллатпарварии Президенти кишвар буд, ки ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, сохторҳои фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муттаҳид сохта, «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расониданд.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Воқеияти таърихиву ҳуқуқии тақдирсози миллати мо – Ваҳдати миллӣ дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ислоҳоти рукнҳои давлатдорӣ аз рӯи принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Тоҷикистон нақши мондагор дорад ва аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ барои муттаҳиду сарҷамъ сохтани миллат, хотима бахшидан ба низоҳои дохилӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум иқдомҳои шоистаро рӯи кор овард.Воқеан ҳам, дар байни миллатҳои мутамаддини олам мисли миллати тоҷик кам халқе вомехӯрад, ки борҳо ба вартаи нобудшавӣ наздик шуда, баъди ҳар шикасту нокомӣ барои истиқлолияту бақои худ мубориза бурдааст ва аз нав ба зинаҳои баландтарини рушду нумӯъ расидааст.
Ваҳдати миллӣ дар радифи ғояи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва рӯзгори гузаштаи миллати худ яке аз рукнҳои муҳимми худшиносӣ ва андешаи меҳварӣ ба шумор меравад, зеро барои ҳар як фарзанди баору номуси Ватан ҳифзу ҳимоя, тинҷиву амонӣ, ободиву озодии он муҳим аст.
Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида истодаанд. Аз ҷумла, мо – омӯзгорон, насли хушбахттарини ҷаҳонем, ки дар замони сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ меболем.
Бинобар ин, мо наслҳои даврони истиқлолро мебояд, ки фарзандону шогирдонамонро дар руҳияи садоқатмандӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем.