БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ТАҲҚИҚИ СИСТЕМАВИИ РУШДИ КИШОВАРЗИИ АИКТ БАХШИДА БА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА (2027–2036)»
30 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Аҳамияти ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарият, олимону муҳаққиқон ва кормандони илмии Институт иштирок намуда, вобаста ба аҳамияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва байналмилалии қатъномаи мазкур мубодилаи афкор анҷом доданд.
Ҳамоишро директори Институт, академик муҳтарам Пиризода Ҷалил ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳамияти таърихӣ ва байналмилалии қабули қатъномаи мазкурро таъкид намуд. Зикр гардид, ки ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона, башардӯстона ва созандаи давлат буда, мақому нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ, рушди ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
Таъкид гардид, ки ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо, тарғиби фарҳанги сулҳ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзаву оянда аҳамияти бузурги сиёсӣ ва башардӯстона дорад.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки қабули ин қатъномаи таърихӣ далели равшани эътирофи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, нишон медиҳад, ки кишвар имрӯз ҳамчун яке аз ташаббускорони фаъоли рӯзномаи байналмилалии сулҳ мавқеи устувор касб намудааст. Дар ин замина таъкид гардид, ки чунин дастовардҳо масъулияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олиро дар самти таҳқиқи илмӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, таҳаммулгароӣ, худшиносии миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи нодири сулҳофаринии Тоҷикистон боз ҳам бештар менамоянд.
Дар идомаи ҳамоиш мудири шуъбаи омӯзиш ва мониторинги амнияти озуқаворӣ Аиров Назрулло вобаста ба аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ маърӯза намуда, иброз дошт, ки қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид натиҷаи сиёсати пайгирона, созанда ва сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз эътимоди баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба мавқеи байналмилалии кишвар шаҳодат медиҳад.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки омӯзиш, таҳқиқ ва тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус иқдомҳои сулҳпарваронаи Пешвои миллат, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ маҳсуб ёфта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва фарҳанги сулҳ нақши муассир дорад.
Ҳамчунин изҳори итминон карда шуд, ки ҳайати олимону муҳаққиқон ва кормандони илмии Институт минбаъд низ фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва маърифатии худро ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва тарғиби арзишҳои сулҳ, дипломатияи созанда ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида, дар муаррифии дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар ва таҳкими фарҳанги сулҳ дар ҷомеа саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.