30 сентябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии АИКТ конференсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Сармоягузории “сабз” дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: иқтидор ва имкониятҳо» баргузор гардид.
Конференсияи мазкур тибқи қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2025, №2 «Дар бораи нақшаи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, рӯзҳои саҳроӣ, фермерӣ ва мизи мудаввар бо ташаббуси муассисаҳои АИКТ барои соли 2026» баргузор гардида, ба баррасии масъалаҳои муҳими рушди устувор ва ҷалби сармоягузории «сабз» ба соҳаи кишоварзии кишвар бахшида шуд.
Дар кори конференсия намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, инчунин олимону коршиносон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои вобаста ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, рушди технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, истифодаи оқилонаи захираҳои замин ва об, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва мутобиқгардонии соҳаи кишоварзӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид гардид, ки дар шароити муосир гузариш ба иқтисоди «сабз» яке аз самтҳои муҳими рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ ба татбиқи технологияҳои каммасраф, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҷалби сармоягузориҳои экологӣ ниёз дорад.Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имкониятҳои назаррас барои рушди сармоягузории «сабз» дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Захираҳои обӣ, иқлими мусоид, иқтидори баланди энергияи барқароршаванда, имкониятҳои истифодаи технологияҳои муосир ва сиёсати давлатӣ дар самти рушди иқтисоди «сабз» барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои хусусияти экологӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамзамон, истифодаи технологияҳои сарфакунандаи об, рушди кишоварзии органикӣ, истифодаи энергияи офтобӣ ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, рақамикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ ҳамчун самтҳои муҳими рушди «сабз»-и соҳа арзёбӣ гардиданд.
Дар конференсия зикр гардид, ки татбиқи технологияҳои «сабз» метавонад на танҳо ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, балки ба баланд гардидани ҳосилнокӣ, коҳиш ёфтани хароҷоти истеҳсолӣ, беҳтар гардидани сифати маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши даромади истеҳсолкунандагон ва баланд гардидани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мусоидат намояд.
Иштирокчиёни конференсия инчунин зарурати тақвияти ҳамкории муассисаҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ, низоми бонкӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушдро таъкид намуда, рушди тадқиқоти илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва таҳияи механизмҳои арзёбии самаранокии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии лоиҳаҳои «сабз»-ро муҳим арзёбӣ карданд. Зикр гардид, ки тадбирҳои дастгирии давлатӣ дар солҳои охир ба рушди фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуда, барои дастгирии молиявии комплекси агросаноатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар панҷ соли охир зиёда аз 93 млн сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба панҷ соли қаблӣ 26,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар рафти конференсия ҳамчунин таъкид шуд, ки татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037 барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.