Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!
Шуруъ аз соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 8-уми март ҳамчун “Рӯзи модар” бошукуҳ ҷашн гирифта мешавад.
Ин ҷашни фархунда рамзи зебоӣ, меҳру муҳаббат, покизагӣ ва рисолати баланди инсондӯстист. Нақши зан модар дар таълиму тарбияи насли солим, таҳкими пояҳои оила, рушди ҷомеа ва пешрафти давлат ниҳоят арзишманд ва муассир мебошад. Занони тоҷик бо фазилатҳои ҳамида, иродаи қавӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми шоиста мегузоранд.
Ба туфайли ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа боло рафта, онҳо дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо бунёдкорию созандагӣ ва ташаббусҳои наҷибашон дар рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманд доранд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд: “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.
Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини баробарии гендерӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занон тадбирҳои муҳимро амалӣ менамоянд.
Боиси сарбаландист, ки занону бонувони Институти мо низ дар радифи занону бонувони кишвар дар пешрафти илму маориф, тарбияи насли ҷавон ва бо рафтори неку шоиста, андешаи солиму созанда, маҳорату кордонӣ ва фаъолияти назаррасашон дар пешрафт ва ободиву шукуфоии кишвари маҳбубамон саҳми арзанда доранд.
Модарону бонувони гиромӣ!
Дар ин лаҳзаҳои пурнишот ва фараҳбахш ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи модар ва фарорасии фасли зебои баҳор аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, бахту саодати рӯзгор, хонаи обод, файзу баракат ва дар фаъолияти пуршарафатон муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.
Рӯзи модар муборак бошад, модарону бонувони арҷманд!