3 июли соли 2026 дар ноҳияи Рашт семинари илмию амалии минтақавии Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таҳти унвони «Ташаккули низоми инфрасохтори рақамикунонӣ дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори семинар намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону коршиносони Академияи илмҳои кишоварзӣ, омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кишоварзони минтақа иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, метавонад истифодаи самараноки захираҳои замин ва об, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ ва беҳтар гардидани рақобатпазирии маҳсулоти ватаниро таъмин намояд.
Коршиносон зикр карданд, ки дар Тоҷикистон барои рушди кишоварзии рақамӣ заминаҳои мусоид, аз ҷумла тавсеаи шабакаҳои интернетӣ, рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ фароҳам гардидааст. Бо вуҷуди ин, масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамӣ дар деҳот, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос ҳанӯз ҳам таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунанд.
Дар ҷараёни семинар маърӯзаҳои илмӣ оид ба истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла системаҳои GIS, GPS, дронҳо, сенсорҳои интеллектуалӣ ва хизматрасониҳои электронии аграрӣ пешниҳод гардида, иштирокчиён роҳҳои татбиқи онҳо дар истеҳсолоти кишоварзиро муҳокима намуданд.
Аз рӯйи натиҷаи муҳокимаҳо иштирокчиён як қатор тавсияҳо ва пешниҳодҳои муҳимро барои рушди соҳаи кишоварзии рақамӣ манзур карданд.Аз ҷумла:
Дар ҷараёни муҳокимаҳо таъкид гардид, ки ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои ташкили низоми муосири идоракунӣ, баҳисобгирии дақиқи захираҳои замин, мониторинги мунтазами ҳолати зироатҳо, истифодаи самараноки захираҳои об ва пешгӯии ҳосилнокӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Татбиқи чунин технологияҳо ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар асоси маълумоти дақиқ ва саривақтӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷамъбасти семинар зикр гардид, ки татбиқи пайгиронаи пешниҳодҳо ва тавсияҳои ироашуда барои рушди кишоварзии рақамӣ, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, ҷалби сармоягузорӣ, беҳтар намудани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда, барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.