Санаи 17 сентябри соли 2026 тибқи Нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026 бо масъулони мақоми низоми махфияти сохторҳои Вазорати мудофиа ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Натиҷаи таҳлилҳои соҳавӣ дар низоми ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот: мушкилоти ошкоршуда ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо” оғоз гардид.
Зикр гардид, ки курси такмили ихтисос барои кормандони мақомоти болозикр давоми ду рӯз 17 ва 18 сентябри соли 2026 идома ёфта, дар он аз ҷониби мутахассисони соҳа ба иштирокчиён вобаста ба мавзӯҳои мубрами соҳа дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот машғулият мегузаранд.