Дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона таҳти унвони “Истиқлоли давлатӣ-рамзӣ эҳёи давлатдории миллӣ” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид. Дар арафаи ҳамоиши идона маҷмааи варзишӣ, ки бо ташабусси Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди бинои Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмааи варзишӣ дар масоҳати 0,36 га замин бунёд гардида, аз ҳисоби меҳнати кормандони Саридора ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Маҷмааи варзишӣ дар ҷойи қаблан нообод ва бекорхобида бунёд гардида, бо анҷом додани корҳои созандагӣ симои ин мавзеъ ба кулли дигаргун шудааст. Акнун ҷойи қаблан бесамар ба гушаи зебову обод ва макони муносиб барои машқу тамрини варзишии кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ табдил ёфтааст. Маҷмааи мазкур бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, дар он кормандони Саридора ба машғулиятҳои варзишӣ, аз рӯйи намуди футбол, волейбол, боскетбол ва тениси руйи миззӣ машғул мешаванд. Маҷмаа бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ таъмин гардида, метавонад барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои гуногуни солимгардонӣ истифода шавад.
Дар идома, чорабинии расмӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Мирзо ҳозиринро бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, қайд намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи асосии эҳёи давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувори худро пайдо намуда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Қайд карда шуд, ки имрӯз Тоҷикистон таҳти сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар роҳи рушди устувор, ободонӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Бунёду азнавсозии роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди соҳаҳои саноату энергетика ва дигар дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳодати равшани пешрафти кишвар мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ ба якқатор кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, ки дар фаъолияти корӣ ба нишондодҳои назарас ноил гардиданд ва бо соҳибкорони ватанӣ, ки барои сохтани маҷмааи варзишӣ саҳми худро гузоштаанд, бо Ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бо сурудҳои ватандӯстона ва барномаи рангини фарҳангӣ фазои ҳамоишро боз ҳам идонаву хотирмон гардонид.