Бо ибтикори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 августи соли 2026 дар мавзӯи “Нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо – кафили амнияти иттилоотӣ” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири Бахши бозрасии ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар васоити ахбори омма-и Саридора, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” ва масъулини корхонаҳои полиграфии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №453 “Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” корхонаҳои полиграфӣ вазифадор мебошанд, ки намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳои хусусияти ҷумҳуриявӣ доштаро ба таври ройгон ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, дастрас намоянд.
Дар фарҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ба масъулини корхонаҳои полиграфӣ расонидани талаботи қонунгузорӣ ва муайян намудани роҳҳои бартарафнамои камбудиҳо дар самти расонидани нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо мебошад.