Бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар доираи нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар мавзӯӣ “Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат: таҷрибаи таърихии Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими давлатдории муосири тоҷикон” хониши сиёсӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини сардори Саридора ҳусни оғоз бахшида қайд намуданд, ки “Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузург дорад. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ санаи 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид.”
Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ба сухан баромада ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ табрик намуда, қайд намуданд, ки воқеан Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати сулҳу ваҳдат имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушду пешрафт қарор дошта, дар ҳама соҳаҳо комёбиҳои назаррас ба даст овардааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ, барои тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани он дар ҷомеа ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ба як қатор кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим гардид.