Дар асоси нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2026” ва нақшаи кории Саридора барои кормандони масъули низоми махфият ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, таҳкими малакаҳои амалӣ ва такмил додани фаъолияти сохторҳои масъули ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, рӯзҳои 10–11 июни соли 2026 курси такмили ихтисос дар мавзӯи «Натиҷаи таҳлилҳои соҳавӣ дар низоми ҳифзи сирри давлатӣ ва техникии иттилоот: мушкилотҳои ошкоршуда ва роҳҳои бартарафнамоии онҳо» барои масъулони мақоми низоми махфияти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар кори курс намояндагон ва масъулони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои сохтории масъули ҳифзи сирри давлатӣ, кормандони бахшҳои коргузории махфӣ ва мутахассисони самти амнияти иттилоотӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии курс таҳлили вазъи воқеии низоми ҳифзи сирри давлатӣ ва техникии иттилоот, баррасии мушкилоти мавҷуда, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва муайян намудани роҳҳои самараноки пешгирӣ ва бартарафсозии камбудиҳо мебошад.
Дар доираи курс ҳар як масъала мавриди таҳлили муфассал қарор гирифта, сабабҳои ба вуҷуд омадани онҳо ва таъсири эҳтимолии онҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ баррасӣ гардиданд. Иштирокчиён таҷрибаи амалии худро мубодила намуда, ҳолатҳои мушаххаси кориро муҳокима карданд. Ҳамзамон, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда як қатор тавсияҳо аз ҷониби кормандони пуртаҷриба пешниҳод гардиданд.