Ҷиҳати иҷрои Нақшаи кории Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм барои давраи то соли 2040” санаи 3 июни соли 2026 бо иштироки прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералӣ Юсуфзода Юсуфҷони Сангаҳмад дар мавзӯӣ “Таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеаи муосир, таҷрибаи байналмилалӣ ва дохилии муқовимат бо экстремизм ва терроризм” мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини сардори Саридора оғоз намуда қайд намуд, ки экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи падидаҳои хавфноки ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки “Терроризм ва экстремизм хатари ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа буда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст”.
Намояндаи Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ қайд намуд, ки стратегияи мазкур ба такмили сиёсати давлатӣ, муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, инчунин таҳкими ҳамкориҳои онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм равона гардидааст.
Дар фарҷом мубодилаи афкори судманд баргузор гардида, барои иштирокчиён ҳамчун як заминаи муҳими баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ хизмат намуд.