Санаи 5 майи соли 2026 дар арафаи таҷлили рӯзи кормандони соҳаи сирри давлатӣ кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ аз Муассисаи давлатии майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дидан намуданд.
Кормандони Саридораро роҳбарияти Муассисаи далватии “Майдони Истиқлол” пешвоз гирифта, роҳбаладӣ намуданд.
Боизи зикр аст, ки ин иншоот 8 сентябри соли 2022 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Майдони Истиқлол бо тарҳи сохтмонӣ ва намои зоҳирӣ дар минтақа беназир буда, ҳадафи асосии буёнд гардидани он ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳимми давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан наврасону ҷавонон тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ мебошад.
Зимни боздид ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки маҷмаи мазкур аз 7 толор ва осорхонаи шаҳри Душанбе иборат мебошад. Яке аз ҷойҳои ҷолиби Маҷмааи рамзи “Истиқлол” майдони тамошои он мебошад, ки он дар ошёнаи 14-ум дар сатҳи 94 метр ҷойгир буда, зимнин боздид кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ аз он дидан намуданд.