Бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи сирри давлатӣ кормандони Саридораи ҳифзи сирри далватӣ санаи 5 майи соли 2026 аз намоиши «Достони Сиёвуш» аз рӯйи асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» тамошои дастҷамъона доир намуданд.
Театр ҳамчун падидаи санъати ҷаҳонӣ дар инъикоси ҳаёт, тарбияи ахлоқӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ ҳамеша нақши муҳим бозидааст. Дар ин робита театри тоҷик низ истисно нест. Он на танҳо макони намоиши асарҳои бадеӣ, балки ганҷинаи арзишманди фарҳанги миллӣ, оинаи рӯзгори мардум ва манбаи илҳоми наслҳои гуногун буда, парчамбардори фарҳанги миллии мо аст.
Намоиши «Достони Сиёвуш»-ро ҳунармандони театр бо касбияти баланд манзур намуданд ва тамошобинон аз он ғизои маънави гирифтанд.