Дар замони муосир, ки бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, густариши интернет ва афзоиши таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ тавсиф мешавад, васоити ахбори омма ба яке аз нерӯҳои асосии ташаккули ҷомеа табдил ёфтааст. ВАО имрӯз на танҳо воситаи интиқоли иттилоот, балки як абзори муҳими таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, сиёсати давлатӣ ва суботи иҷтимоӣ мебошад. Дар чунин шароит масъалаи ҳифзи сирри давлатӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад, зеро паҳншавии беандешонаи иттилоот метавонад ба амнияти миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷомеа таҳдид намояд. Аз ин рӯ, дар фаъолияти васоити ахбори омма масъалаи ҳифзи сирри давлатӣ бояд дар ҷойи аввал қарор гирад ва ҳамчун як принсипи асосии масъулони ВАО баррасӣ шавад.
Васоити ахбори омма дар замони муосир ба як фазои васеи иттилоотӣ табдил ёфтааст, ки дар он маълумот бо суръати баланд паҳн мегардад. Ин раванд, аз як тараф, имконият медиҳад, ки ҷомеа зуд ва пурра аз рӯйдодҳои дохилию хориҷӣ огоҳ гардад, аммо аз тарафи дигар, хатари паҳн гардидани маълумоти дорои сирри давлатиро бамаротиб меафзояд. Сирри давлатӣ маълумоти аз тарафи давлат ҳифзшаванда, ки ифшо ё гумкардани он ба амнияти милли ва иқтидори мудофиавии кишвар зарар мерасонад ва ё расонида метавонад. Аз ин лиҳоз, ҳар як намояндаи ВАО бояд масъулияти баландро эҳсос намояд ва ҳангоми омода ва нашр намудани маводҳо ба ин ҷанба таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар фаъолияти ВАО яке аз масъалаҳои муҳим мувозинати байни ҳуқуқи ҷомеа ба гирифтани иттилоот ва зарурати пешгирии ифшои сирри давлатӣ мебошад. Ҷомеа ҳақ дорад, ки аз воқеаҳои муҳим огоҳ бошад, аммо ин ҳуқуқ набояд ба зарари амнияти миллӣ истифода шавад. Маҳз дар ҳамин ҷо касбияти масъулини ВАО ва сатҳи масъулияти ӯ намоён мегардад. Масъулини ВАО бояд тавонад, ки иттилооти муҳимро бо риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва ахлоқи касбӣ пешниҳод намояд, бе он ки сирри давлатиро фош кунад. Ин талабот махсусан дар шароити муосир, ки рақобати иттилоотӣ шадид аст, аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Бо рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар як шахс метавонад паҳнкунандаи иттилоот гардад. Ин ҳолат назорати ҷараёни иттилоотро мушкил мегардонад ва хатари паҳншавии маълумоти дорои сирри давлатиро зиёд мекунад. Агар дар гузашта танҳо журналистони касбӣ ба пахши ахбор машғул буданд, имрӯз ҳар як истифодабарандаи интернет метавонад иттилоотро бе санҷиш ва бидуни дарназардошти оқибатҳои он паҳн намояд. Ин раванд махсусан барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ хатарнок аст, зеро маълумоти муҳим метавонад тасодуфан ё қасдан ба фазои умумӣ роҳ ёбад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати иттилоотии аҳолӣ ва фаҳмонидани аҳамияти ҳифзи сирри давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, васоити ахбори омма метавонад дар ҳифзи сирри давлатӣ нақши мусбат низ бозад. ВАО метавонад тавассути барномаҳо ва маводҳои таҳлилӣ аҳамияти амнияти миллӣ ва зарурати ҳифзи иттилооти махфиро ба ҷомеа фаҳмонад. Ин гуна фаъолияти маърифатӣ ба ташаккули ҳисси масъулият дар байни шаҳрвандон мусоидат мекунад ва онҳоро водор месозад, ки ҳангоми истифодаи иттилоот эҳтиёткор бошанд. Ҳамин тавр, ВАО метавонад на танҳо манбаи хатар, балки як воситаи ҳифзи амнияти иттилоотӣ низ гардад.
Яке аз мушкилоти асосӣ дар фаъолияти ВАО дар замони муосир паҳншавии ахбори бардурӯғ ва таҳрифшуда мебошад. Ин гуна иттилоот метавонад на танҳо афкори ҷамъиятиро гумроҳ созад, балки ба амнияти давлатӣ низ таъсири манфӣ расонад. Дар баъзе ҳолатҳо, паҳншавии маълумоти бардурӯғ метавонад боиси нооромии иҷтимоӣ, паст шудани эътимод ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҳатто таҳдид ба суботи сиёсӣ гардад. Аз ин рӯ, мубориза бо ахбори бардурӯғ ва таъмини сифати иттилоот яке аз вазифаҳои муҳими ВАО ба ҳисоб меравад.
Дар чунин шароит, нақши қонунгузорӣ ва танзими фаъолияти ВАО хеле муҳим аст. Қонунҳо бояд ҳам озодии суханро таъмин намоянд ва ҳам ҳифзи сирри давлатиро кафолат диҳанд. Ин ду унсур набояд ба ҳам зид гузошта шаванд, балки бояд дар як мувозинати дуруст қарор гиранд. Журналистон бояд меъёрҳои ҳуқуқиро хуб донанд ва дар фаъолияти худ онҳоро риоя намоянд. Риояи қонунгузорӣ на танҳо вазифа, балки шарти асосии фаъолияти касбии онҳо мебошад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати иттилоотӣ, давлатҳо кӯшиш мекунанд, ки фазои иттилоотии худро ҳифз намоянд. ВАО дар ин раванд метавонад ҳам шарик ва ҳам таҳдид бошад. Агар фаъолияти он бо масъулият ва дар доираи қонун сурат гирад, он метавонад ба таҳкими амнияти миллӣ мусоидат кунад. Аммо дар ҳолати риоя нашудани меъёрҳо, он метавонад ба як манбаи хатар табдил ёбад.
Дар маҷмӯъ, васоити ахбори омма дар замони муосир як нерӯи пуриқтидор мебошад, ки метавонад ба рушди ҷомеа ва таҳкими давлат мусоидат намояд. Аммо барои ноил шудан ба ин ҳадаф, зарур аст, ки фаъолияти он бо дарназардошти ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ба роҳ монда шавад. Ҳифзи сирри давлатӣ на танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди огоҳ ва махсусан намояндагони ВАО мебошад.
Олимзода М.А. - мудири Бахши бозрасии ҳифзи
сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар ВАО