Зери роҳбарии сардори Саридора - раиси Ҳайати мушовараи Саридора муҳтарам Шералӣ Мирзо санаи 8 апрели соли 2026 дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ҳайати мушовараи Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ оид ба ҷамъбаст ва натиҷагирии фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласа сардори Саридора - раиси Ҳайати мушовараи Саридора ҳисоботҳои муовинон, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти ҳудудии Саридораро шунида, фаъолияти онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, ки фаъолияти Саридора дар семоҳи аввали соли 2026 дар доираи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳайати мушовара ва нақшаи кори Саридора ба роҳ монда шуда, бо натиҷагирӣ ва такя ба таҳлилҳои ҷойдошта фаъолияти Саридора дар семоҳи соли 2026-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом сардори Саридора муҳтарам Шералӣ Мирзо баҳри тақвияти фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дурномаи соҳаро муайян ва супоришҳои мушаххасро баён доштанд.